ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар бораи даргузашти Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ҳамкасбон ва ҳаводорони санъати ӯ хабар додаанд.
Ба иттилои манобеъ, ҳунарманди шинохта имрӯз 1 сентябр дар синни 71 солагӣ аз олам мегузарад.
Гуфта мешавад, намози ҷанозаи ӯ пеш аз асри имрӯз дар шаҳри Конибодом баргузор шудааст.
Ҳунарманди шинохта 3 октябри соли 1948 ба дунё омада, дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ нақшофарӣ мекард.
Ба навиштаи ҳаводоронаш, ӯ яке аз ҳунармандони ҳирфаӣ дар театри тоҷик буд, ки бо образу нақшҳои офаридааш дар дили ҳаводорони театр зуд роҳ меёфт