ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 30 уми август дар МНДСЭ Суғд, сардори нави ин ниҳод Абдуллозода Абдумавлон муаррифӣ шудааст.
Гуфта мешавад, дар як моҳи охир ин дуюмин таъйиноти кадрии сардорони идораи беҳдоштӣ ба ҳисоб меравад. Бар асоси фармони Шамсиддин Қурбонзода, сардори Хадамоти НДСЭ, Маҷнун Орипов рӯзи 5-уми август роҳбари МНДСЭ Суғд таъйин шуда буд, инак бо гузашти камтар аз як моҳ ба ҷои ӯ Абдуллозода сардори МНДСЭ Суғд таъйин шудааст.
Бино ба иттилоъи манобеъ таъйини Абдуллозода ба ин мақоми вазифавӣ бо пешниҳоди ҳукумати Суғд ва бар асоси фармони сардори Хадамоти НДСЭ сурат гирифтааст.
Ӯ то ин вақт сартабиби Маркази саломатии шаҳрии № 4 шаҳри Хуҷанд буд ва пештар аз ин дар МНДСЭ шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.
Мусодираи 27 тон гӯшти пастсифат дар Суғд: се соҳибкор барои ҳасиббарорӣ нигоҳ медоштанд
Таъйини Абдуллозода сеюмин сардори МНДСЭ Суғд дар зарфи ним соли охир ба ҳисоб меравад. Зеро қабл аз ӯ, Ҷабборов Абдуғаффор моҳи марти соли равон дар ин мақом таъин ва моҳи август аз ин вазифа барканор гардиду ба ҷояш Орипов Маҷнун сардори МНДСЭ Суғд таъин шуда буд. Ҳоло бо гузашти 25 рӯз ба ҷои Орипов дар ин мақоми хизматӣ Абдуллозода сардор таъин шудааст.