Тоҷикистон аз Русия хоҳиш кард барои сафари донишҷӯёни тоҷик ба ин кишвар мусоидат намояд

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон кардааст, ки беш аз ҳазор нафар донишҷӯёни нав қабулшуда дар мактабҳои олии Русия, наметавонанд ба ин кишвар барои идомаи таҳсил сафар кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки вазъиятеро, ки ба он донишҷӯёни тоҷик дар робита ба набудани имкони сафар ба Русия барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дучор шудаанд, назорат мекунад.

Вазири маориф: Русия фақат барои донишҷӯён сарҳадро боз намекунад

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, санаи 24 августи соли равон масъулини вазорати умури хориҷа ба Сафорати Россия дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҳоло беш аз чаҳор ҳазор донишҷӯ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Россия таҳсил мекунанд.

Таъкид гардидааст, ки аз шумораи умумии онҳо беш аз ҳазор нафар донишҷӯёни нав қабулшуда мебошанд, ки бояд ҳарчи зудтар ба Русия сафар кунанд ва тибқи талаботи муассисаҳои таҳсилоти олӣ расмиёти заруриро ба анҷом расонанд.

“Дар ин робита, вазорат аз сафорат хоҳиш кардааст, ки дар гирифтани иҷозат аз Ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ аз вуруд ва паҳншавии сирояти нави коронавирус ба Русия барои сафари донишҷӯёни тоҷик дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (варақаи донишҷӯӣ, маълумотномаи донишгоҳ ва ғ.) мусоидат намояд”, — гуфта мешавад дар изҳорот.

Вазорати умури хориҷии кишвар ҳамчунин қайд кардааст, ки айни замон масъалаи мазкур бо Русия дар ҳоли баррасӣ аст.