Сирояти наздик ба як миллион нафар ба вируси корона дар Русия

Ситоди амалиёти пешгирӣ ва контроли вируси корона дар Русия аз афзоиши шумори мубталоён ба ин вирус дар ин кишвар ба беш аз 990 ҳазор нафар хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik.  Ситоди амалиёти пешгирӣ ва назорати вируси корона дар Русия ахиран эълом кард, ки бо сабти 4 ҳазору 980 мавриди ҷадиди ибтило ба вируси корона дар ин кишвар, шумори мубталоён ба ин вирус дар Русия ба 990 ҳазору 326 нафар расидааст.

Русия ба истеҳсоли ваксина алайҳи коронавирус шурӯъ кард

Ситоди амалиёти пешгирӣ ва контроли вируси корона дар Русия, теъдоди қурбониёни вируси корона дар ин кишварро низ 17 ҳазору  93 нафар эълом кард.

Давлати Русия, барои муқобила бо вируси корона дар ҳафтаҳои ахир дар чанд навбат иҷрои карантинро дар дастури кор қарор додааст.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия пештар дар ҷамъи аъзои давлат бо ишора ба сабти нахустин ваксинаи корона дар ин кишвар эълом кард, ин ваксина ба таври муштарак аз сӯи муассисаи таҳқиқотии "Гамалия" ва Вазорати дифоъи Русия тавлид ва озмоишҳои болинии он 18 июни 2020 оғоз шудааст.