Маҷлиси Ҳукумат: Раҳмон барои таъмини маошу нафақа ва захираи ғизо супориш дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз ҷаласаи ҳукуматро баргузор карда, дар он масоили кишоварзӣ ва беҳдоштиро баррасӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Нахуст дар маҷлис рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини вазорати кишоварзӣ барои истифодаи самараноки замин, интихоби тухмиҳои хушсифату серҳосил дар вақти кишти зироатҳо ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ супориш додааст.

Хатмкардаи “Ал-азҳар”, донандаи 5 забон: сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ кист?

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон махсусан ҷамъоварии саривақтию беталафи ҳосил, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, захираи маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ барои давраи зимистон, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва захираи тухмии картошка барои соли ояндаро таъкид кардааст.

Котибот таъкид намуд, ки супоришҳо ба ҳукумати мамлакат ва сохторҳои дахлдор доир ба таъмини саривақтии маошу нафақа дода шуд. 

Дафтари матбуот илова намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи бемории сироятии короновирус ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат ба Ҳукумати кишвар супориш додаст, ки ба хотири рафъи камбудию мушкилоти пешомада аз тамоми имконот васеъ ва самаранок истифода бурда, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истеҳсолу захираи маводи кофии озуқаворӣ ва риояи қойдаҳои санитарӣ ба роҳ монанд.