Бесабаб ба синаам корд зад: шикояти як сокини Бохтар ба милиса

Мард ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят кардааст, ки гумонбаршаванда бидуни ягон сабаб бо ӯ ҷанҷол карда, ба қафаси синааш корд задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи кордкашӣ дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар хабар додааст.

Ин чи шӯрест: писар гулӯи падарро буғӣ кард ва ба хоҳараш корд зад - тафсилоти ВКД

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 22 август, тахминан соатҳои 2-и шаб рух додааст.

"Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 35-солаи сокини шаҳри Бохтар муроҷиат намудааст, ки шаби 21 ба 22-юми августи соли 2020, тахминан соати 01:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри мазкур, дар назди мағозаи хӯроквории бо номи “Муҳсин» қарор доштанаш марди 34-солаи сокини ҳамин шаҳр бе ягон асос ӯро дашномҳои қабеҳ гуфта, бо корд 1-маротиба ба поёни қафаси синааш задааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Кордкашӣ дар клуби "Шоми Хатлон" дар дуи шаб: ҷабрдида дар беморхона ҳалок шуд

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш дар шаҳраки Саразм додаре бо 8 зарбаи корд бародари 62-солаашро кушта буд.

Таҳқиқи ҳодисаҳо идома дорад.