ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Русия ба Далер ва Фирдавс муҳоҷирони тоҷик, ки кӯдаконро аз сӯхтор наҷот дода ббуданд, ҷоиза тақдим намуд, хабар медиҳад Telegram-канал "Москва 24".
Сӯхтор рӯзи 26 август дар шаҳри Маскав дар бинои истиқоматии панҷ ошёна сар зад. Алангаи оташ аз ошёнаи 3 -юм то ба 5 - ум қабат расид.
То расидани оташнишонон ду муҳоҷири тоҷикистонӣ ба кӯмаки бошандагони ин бино шитофта, чанд кӯдакро аз марг наҷот доданд.
Муайян гардид, ки Фирдавс ва Далер дар ҳамин хона зиндагӣ мекарданд ва тоза аз кор баргашта буданд.
Вақте муҳоҷирони тоҷик садои кӯмакхоҳии кӯдакону калонсолонро шуниданд, тавассути зинапоя баромада аз дасти зан кӯдаконашро гирифта ба ҷойи амн кӯч доданд.
"Хадамоти асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Маскав миннатдории худро ба Шумо баён мекунад", - омадааст дар мактуби КҲФ ба ду муҳоҷири тоҷик.
Гуфта мешавад, дар баробари мактуби миннатдорӣ ба Далеру Фирдавс ҳамчунин тӯҳфаҳо низ тақдим карда шуд.
Таджикистанцам вручили благодарственные письма, а также подарочные наборы.