Лукашенко назди Путин меояд: сафари роҳбари Белорус ба Маскав

Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия таъкид дошт, ки то ҳол санаи дақиқи мулоқоти Лукашенко ва Путин маълум нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik.  Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Александр Лукашенко дар гуфтугӯи телефонӣ дар бораи мулоқот дар Маскав ба тавофуқ расиданд.

Сипосгузории Лукашенко аз Путин: "фикрамон як аст" - видео

“Ҳар ду ҷониб дар бораи тақвияти ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо ба тавофуқ расиданд. Аз ҷумла тарафҳо хостори тақвияти ҳамкории бештари ду кишвари шарик ва равобити мутақобили судманд шуданд” , - гуфтааст Песков.

Ба гуфтари сухангӯи раисҷумҳури Русия роҳбарони ду кишвар дар гуфтугӯи телефонӣ дар бораи мулоқот дар Маскав ба тавофуқ расиданд.

Лукашенко ба назди мардум баромад - президент чӣ гуфт?

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков таъкид дошт, ки то ҳол санаи дақиқи мулоқоти Лукашенко ва Путин маълум нест.

Ёдрас мешавем, ки 24 августи соли равон дар як гуфтугӯи телефонӣ Владимир Путин ва Александр Лукашенко вазъ дар Белорус ва мубориза бо вируси коронаро баррасӣ карда буданд.