Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи охир 32 маризи COVID - 19 аз беморӣ муолиҷа ёфта ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, дар як шабонарӯзи охир 86 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 32 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар 24 соати охир дар Тоҷикистон, 34 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  8550 нафар баробар гардид.

"То санаи  30 август дар мамлакат  7341  (85,8%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 68  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Бештар шуд: Вазорати тандурустӣ омори нави коронавирус дар Тоҷикистонро гуфт

Ин ниҳод даъват карда, ки мардум ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.