Нӯши ҷон: таҷлили Идҳои каду, харбуза ва тарбуз дар Душанбе - гузориши аксӣ

Sputnik

Ёдовар мешавем, ки одатан якшанбе охири моҳи август Иди каду ва ҳафтаи аввали шанбеи моҳи сентябр Иди харбуза ва тарбуз таҷлил карда мешавад.

Дар Душанбе Идҳои каду, харбуза ва тарбуз таҷлил мешавад

Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус ва талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ тасмим гирифта шуд, ки имсол идҳои мазкур дар якҷоягӣ таҷлил карда шавад.

Кишоварзон аз шаҳру  ноҳияҳои мамлакат маҳсулоти полезии худро ба намоишу фурӯш гузоштанд.

Иди борон? Дар Тоҷикистон боз як ҷашни қадимиро роҳандозӣ мекунандl

Харбуза дар ин рӯз 10 сомонӣ, харбуза аз 5 сомонӣ боло ва каду барои 1 кило 1 сомонӣ нархгузорӣ шуда буд.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории иди мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст.

1 / 9
Дар бозори "Меҳргон" - и Душанбе, Ҷашнвораи каду, тарбуз ва харбуза баргузор шуд.
2 / 9
Баргузоркунандагони ҷашн тарбузҳои ширини Тоҷикистонро ба таври зебо ва замонавӣ ба намоиш гузоштанд.
3 / 9
Меҳмонони Ҷашнвораро чунин харбузаҳои зебо ва иштиҳоовар интизор буданд.
4 / 9
Намояндагони мақомоти шаҳри Душанбе низ дар Ҷашнвораи каду, тарбуз ва харбуза ширкат карданд.
5 / 9
Ҷашнвораи каду, тарбуз ва харбуза дар Душанбе.
6 / 9
Бархе аз шаҳрвандон ба хотири хариди полезиҳо омада ва гурӯҳи дигаре барои тамошои ин бойигариҳои табиати Тоҷикистон омада буданд.
7 / 9
Ҷашнвораи каду, тарбуз ва харбуза дар Душанбе.
8 / 9
Деҳқонон маҳсули дасти худро барои ҷалби бештари харидорон ҳар гуна рангкорӣ кардаанд.
9 / 9
Тарбузи "чашмдор" дар Ҷашнвораи каду, тарбуз ва харбуза дар Душанбе.