Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

68 фавт ва наздики 5 ҳазор гирифторони ҷадид: омори тозаи коронавирус дар Русия

Шабонарӯзи гузашта дар Федератсияи Русия аз маризии сироятии коронавирус дасти кам 68 бемор ҷон аз даст доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Вазъияти паҳншавии маризии коронавирус дар Русия рӯ ба беҳбуд ниҳодааст, аммо то ҳол ҳудуди 5 ҳазор мавориди сироятшавии ҷадид ба ин маризӣ сабт мегардад.

Эрон аз коҳиш ёфтани мавориди фавт аз коронавирус хабар дод

Бар хабари ситоди фаврӣ, шабонарӯзи ахир дар Русия 4980 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ меафзояд, аз ҳама беш мавриди сироятшавӣ дар шаҳри Маскав сурат гирифтааст. Танҳо дар пойтахти Русия дар як шабонарӯз 695 ҳолати мубталошавӣ ба ин дард сабт гардид. Зимнан, дар Чукотский ва Ненетский тамоман мавридҳои нави сироятшавӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Мирзиёев гуфт, мансабдоронро барои омори бардурӯғи коронавирус ба ҷавобгарӣ мекашад

Ситоди фаврӣ меафзояд, давоми як шабонарӯз дасти кам 68 мариз ҷон аз даст доданд. Аз замони берузи ин маризӣ дар Русия аллакай 17 ҳазор бемор ба ҳалокат расиданд.

Ҳамчунин, теъдоди шифоёфтагон низ кам набуда, дар умум аз дармонгоҳҳои ин кишвар 806  982 нафар сиҳат шуда, мурахаас гардиданд.