Вазири маориф: Русия фақат барои донишҷӯён сарҳадро боз намекунад

Вазири маориф ва илми Федератсияи Русия Валерий Фалков, вазъияти таҳсил дар шароити ҳамагирии коронавируси донишҷӯёни хориҷиро шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Донишҷӯёни хориҷӣ бояд чӣ гуна барои таҳсил омода шаванд. Дар ин бора вазири маориф ва илми Федератсияи Русия Валерий Фалков дар мусоҳиба бо РИА Новости нақл кард.

Ӯ ёдовар шуд, ки донишҷӯёни хориҷие, ки вориди Русия мешаванд ду рӯз карантин шуда ва тести коронавирус месупоранд.

Оверчук дар бораи тамдиди патенти муҳоҷирин ва таҷдиди парвозҳо

Муҳоҷиронро дигар ба марзи Қазоқистон намемонанд: полиси Самара роҳро назорат мекунад

Дар баробари ин Фалков қайд кард, ки сеяки донишҷӯёни хориҷӣ аз Русия берун нашуда буданд.

"Мо 300 ҳазор донишҷӯёни хориҷӣ дорем ва қисме аз онҳо наздики 160 ҳазор дар саршавии ҳамагирии коронавирус Русияро тарк карданд. Вале 130 ҳазор донишҷӯ дар ин ҷо монданд", - шарҳ дод раҳбари Вазорати маориф.

Вазир гуфт, мушкил ин аст, ки бо баъзе кишварҳои хориҷӣ ба далели ҳамагирии коронавирус, алоқаи ҳавоӣ баста аст. Ӯ афзуд, донишҷӯёне, ки алъон дар кишварҳои хориҷ ҳастанд ва имкони ба Русия омадан надоранд, тариқи фосилавӣ таҳсил хоҳанд кард.

Фалков қайд кард, ки қарор дар бораи бозгардонии донишҷӯёни хориҷӣ ба Русия, бояд санҷида шавад ва бо такя ба андешаи коршиносони касбӣ гирифта шавад.

Санаи эҳтимолии барқарор шудани парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон эълон шуд

"Ҳоло мо масъаларо дар доираи ифтитоҳи алоқаи ҳавоӣ дида мебароем. Кушодани сарҳад танҳо барои донишҷӯён, боз ҳалли чанд масъалаи дигарро дар пай дорад. Яке аз ин масъалаҳо ин аст, ки чӣ гуна бояд фаҳмид - одам донишҷӯй аст ё не", - шарҳ дод ӯ.

Русия омодааст парвозҳоро бо як қатор кишварҳо барқарор кунад - рӯйхати нав

Ҳамчунин масъалаи таъмини амният ва ба карантин фаро гирифтани донишҷӯён тарафи дигари кор аст.

"Ин масъалаи мушкил аст ва ҳалли осон - чун кушодани сарҳад танҳо барои донишҷӯён вуҷуд надорад. Имрӯз, саломатӣ ва амнияти устодон ва донишҷӯён - муҳимтарин арзиш аст. Дигар масъалаҳо бояд аз он вобаста бошад", - хулоса кард вазири маорифи Русия  Валерий Фалков.