Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дар "Биатлони танкӣ": гузориши аксӣ

Sputnik

Дар майдони Алабинои вилояти Маскав сабқати "Биатлони танкӣ" идома дорад. Sputnik Тоҷикистон беҳтарин аксҳоро аз сабқат бароятон гулчин кард.

Танкронҳои тоҷик дар мусобиқаи “Биатлони танкӣ”: беҳтарин лаҳзаҳо дар гузориши аксӣ

Дастаҳоро ба ду гурӯҳ тақсим карданд. Дар гурӯҳи аввал дастаҳои Русия ва Чин ба натиҷаи назаррас ноил гардиданд. Қазоқистон ва Белорус низ натиҷаҳои хуб доранд.

Дар гурӯҳи дуюм бошад, танкчиёни Тоҷикистон беҳтарин шинохта шуданд.

Танкчиёни тоҷик дар биатлони Алабино: пойгаҳи дуюм - пахши мустақим

Низомиёни гурӯҳи дуюм аз ҷиҳати нишонгирӣ ва тирзанӣ сусттар бошанд ҳам, дар суръатафзоӣ аз гурӯҳи якум камӣ надоштанд.

Тоҷикистон дар биатлони танкӣ ҷои дувумро гирифт - видео

1 / 9
"Биатлони танкӣ - 2020". Рақобати яккаса. Танки Т-72 - и дастаи низомиёни Тоҷикистон. Ба дастаи Тоҷикистон ранги зард доданд.
2 / 9
"Биатлони танкӣ - 2020".
3 / 9
Танки Т-72 ба дастаи низомиёни Қазоқистон тааллуқ дорад.
4 / 9
Сангчаҳо аз ҳайбати танк дар зери чархҳои оҳанини он ба "рақс" медароянд.
5 / 9
Яке аз санҷишҳо гузаштан аз об мебошад ва агар суръати ҳаракатро нигоҳ дошта нашавад, танк метавонад дар дохили об дақиқаҳои зиёд дар монад. "Биатлони танкӣ - 2020".
6 / 9
Танкчиёни Ӯзбекистон бо суръати баланд ҳаракат мекунанд. Аз акс чунин менамояд, ки гӯё танк дар парвоз аст.
7 / 9
На ҳамаи дастаҳо аз ӯҳдаи шарти муҳим - тирзанӣ мебароянд, вале онҳое, ки бе хато ба нишон мерасанд, барои пирӯз шудан имкони хуб доранд.
8 / 9
Об танкро аз сар то по иҳота кардааст. "Биатлони танкӣ - 2020".
9 / 9
Аксбардор лаҳзаи аҷиберо ба навор гирифтааст. Тир дар ҳаво. "Биатлони танкӣ - 2020".