Тоҷикистон аз Ӯзбекистон 1500 тонна гандуми тухмии навъҳои серҳосил мехарад

Ин масъаларо намояндагони вилояти Суғд бо роҳбарии сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Хайрулло Бобозода бо роҳбарият баррасӣ кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, рӯзҳои 25 ва 26 августи соли 2020 бо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони вилояти Суғд бо роҳбарии сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Хайрулло Бобозода ба вилояти Фарғона сафар карда, бо роҳбарияти ин вилоят дидору гуфтугӯҳо анҷом додаанд.

Зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти вилояти Фарғона таъкид гардид, ки Фарғона омода аст тухмии гандумро бо нархи нисбатан арзон, яъне 350 доллари ИМА барои як тонна пешниҳод намояд.​

Омори хушоянд аз коронавирус дар Ӯзбекистон: боқӣ мондани танҳо як мариз дар Фарғона

"Қарор шуд, ки ба вилояти Суғд 1500 тонна гандуми навъи “Безостая-100” ворид карда шавад", - омадааст дар хабарнома.

Намояндагони вилояти Суғд аз Корпоратсияи “Қӯқанд дон маҳсулотлари”-и шаҳри Фарғона низ боздид намуда, барои тақвияти ҳамкориҳо ва воридсозии гандум ба вилояти Суғд мулоқоти судманд анҷом додаанд.