Пирамарди 92-сола дар Ветнам дар 80 сол мӯйҳояшро то 4,5 метр дароз кардааст

Мувофиқи ақидаи пайравони мазҳаби Дува, одамон бояд ҳамеша он чизҳоеро, ки бо он ба дунё меоянд, ҳамеша ҳифз кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Пирамарди ветнамӣ, ки муддати 80 сол аст мӯҳояшро кӯтоҳ накардааст, бар ин бовар аст, ки кӯтоҳ кардани мӯҳояш мунҷар ба марги ӯ хоҳад шуд.

Аз тансор диско ҳам зӯртар: рақси мӯйсафед дар Наврӯз-навор

Ба гузориши Парс тудэй, пирамарди 92 солаи ветнамӣ, ки аз 80 сол пеш токунун мӯҳояшро кӯтоҳ накарда ба сюжаи расонаҳо табдил шудааст. Энгуин Ван Чин, пайрави як маросиме бо номи Дува, бовар дорад, ки агар мӯи худро кӯтоҳ кунад, хоҳад мурд.

Мувофиқи ақидаи пайравони мазҳаби Дува, одамон бояд ҳамеша он чизҳоеро, ки бо он ба дунё меоянд, ҳамеша ҳифз кунанд.

Тули мӯҳои ин пирамард акнун ба беш аз 4, 5 метр расидааст.

Шӯрои уламо дар бораи буридани мӯй, никоҳи пинҳонӣ ва таскини шаҳват бо даст

Ван Чин, ки дар рустое дар фосилаи 50 километрӣ шаҳри Ҳошимини Ветнам зиндагӣ мекунад дар ин бора гуфт: "ман бовар дорам, агар мӯҳоямро кӯтоҳ кунам мемирам. Ҷуръати тағйири онро надорам, ҳатто гаметавонам онро шона кунам."