Шоири тоҷик Абдуқаҳҳор Қосим ба гирифтани ҷоизаи "Рус моя" пешбарӣ шуд

Шоири дигари русзабони Тоҷикистон Абдуқаҳҳор Косим ба ҷоизаи "Рус моя" -и Сергей Есенин дар соли 2020 пешбарӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим ба гирифтани ҷоизаи ба номи Сергей Есенин ба хотири саҳмгузорӣ дар рушди забони рус сарфароз гардонда мешавад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Шоири тоҷик барандаи “Ситораи Иттиҳод” ва 2 миллион рубл шуд

"Ин тӯҳфа аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Русия бахшида ба 125 солагии шоири маъруфи рус Сергей Есенин мувофиқи қонуни федералӣ "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" таъсис дода шуда, ба шоиру нависандагон- номинантҳои мукофоти миллии ба номи Есенин "Рус моя" ва барои саҳми арзанда дар рушди адабиёти рус дода мешавад", - таъкид гардидааст дар хабар.

Шоири тоҷик Карим Ҳайдар ба медали "Сергей Есенин"-и Русия сазовор шуд

Қаблан, шоири дигари Тоҷикистон Карим Ҳайдар низ ба гирифтани чунин ҷоиза сазовор дониста шуд.

Зикр мегардад, тақдими нишон дар ҷашни 125 солагии Сергей Есенин санаи 2-3 октябр дар Хонаи адибони Русия сурат мегирад.

Бояд гуфт, ки қаблан Абдуқаҳҳор Қосим барандаи медали нуқраи ҷашнвораи IV умумирусиягии адабии "ЛиФФт-2019" дар Тюмен шуд.