Муроҷиати Вазорати маориф ба донишҷӯёне, ки ба донишгоҳҳои Белорусу Украина дохил шудаанд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро, ки ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Украина ва Белорус дохил шудаанд, аз парвози чартерии 30 август огоҳ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Дар итттилоияи Вазорати маориф таъкид шудааст, ки шурӯъ аз 30-юми августи соли 2020 тавассути ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои чартерии Душанбе-Минск ба роҳ монда мешавад.

Раҳмон гуфт, на ҳамеша аз рӯи ахбори пешниҳодшуда ба ӯ кор мекунад-видео

“Аз донишҷӯён хоҳиш карда мешавад, ки бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донишҷӯӣ дошта бошанд ва барои хариди чиптаҳои ҳавопаймо мустақиман ба «Сомон Эйр» муроҷиат намоянд. Сафоратҳои Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои Белорус ва Украина омодаанд ба донишҷӯёни тоҷик дар таъмини транзит аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кӯмаки зарурӣ расонанд”, - таъкид шудааст дар  муроҷиатнома. 

Қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки тариқи парвози чартерии масири Душанбе – Минск инчунин шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин кишварҳо ба Ватан баргардонда мешаванд.

Таъкид мешавад, ки  ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон шаҳрвандон бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиши усули реаксияи занҷири полимераз (ПТР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Ҳамзамон кӯдакони то 3 - сола аз пешниҳоди шаҳодатнома озод мебошанд.