Ҷаримаи беш аз 30 ронанда дар Суғд: аз мошинашон дуди зиёд хориҷ мешуд

Масъулони Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар пайи роҳандозии амалиёти “Ҳавои тоза” даҳҳо воситаи нақлиёт дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди санҷиш қарор дода, барои ихроҷи барзиёди дуди ифлоскунанда нисбати ронандаҳо ҷарима таъин кардаанд
Sputnik

 ДУШАНЕБ, 27 авг – Sputnik. Шоира Меликбоева, масъули кор бо иттилоот дар Раёсати ҳифзи муҳити зист гуфт, баргузории амалиёти “Ҳавои тоза” дар бештар аз даҳ шаҳру навоҳии Суғд мавридҳои ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз ҳисоби ихроҷи дуди мошинҳо муайян шудааст ва ба ин делел нисбати беш аз 30 ронанда ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шудааст.

 “Дар шаҳру ноҳияҳои Б. Ғафуров нисбати 5 ронанда, Хуҷанд 5, ноҳияи Ҷаббор Расулов 5, Спитамен 3, Гулистон 2, Исфара 3, Деваштич 4, Панҷакент 2 ва дар шаҳри Конибодом нисбати 6 ронанда бинобар зиёд хориҷ кардани дуди ифлоскунандаи ҳаво (гази СО) аз воситаи нақлиёташон санади ҷаримавӣ тартиб дода шудааст”, - гуфт Меликбоева.

Ин масъули Идораи экологияи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки баргузории амалиёти “Ҳавои тоза” собит намудааст, ки дуди аз меъёр зиёд ихроҷшаванда умдатан дар мошинҳои соли бароришашон куҳна муайян шудааст.

Саҳнаи кашола кардани духтари маст аз сӯи ҷавон ба навор афтод: ҳабсу ҷарима шуданд -навор

Ҳаҷми ҷарима аз ҳисоби ихроҷи дуди барзиёд мошинҳо аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё аз 58 то 174 сомонӣ муқаррар шудааст. Аммо бисёре аз соҳибони чунин воситаҳои нақлиёт зикр мекунанд, ки бо адами шароити иқтисодӣ, имкони харидани нақлиёти навро надоранд.

Раёсати ҳифзи муҳити зист дар Суғд, баргузории амалиёти “Ҳавои тоза”ро пешгирӣ аз олудагии ҳавои атмосферӣ дониста мегуяд, ки чунин амалиёт бар тибқи нақшаи кории ин ниҳод ҳар моҳ дар шаҳру ноҳияҳо доир карда мешавад.

Дар соли гузаштаи 2019 ин ниҳод дар пайи баргузории 15 амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳру ноҳияҳои Суғд, 640 воситаи нақлиётро санҷиш гузаронида ва 54 ронанда бо сабаби ифлоскунӣ ҳавои атмосферӣ аз ҳисоби ихроҷи дуди барзиёди мошин санадҳои ҷаримавӣ тадбиқ кардааст.

Масъулони Идораи ҳифзи муҳити зист мегуянд, тартиби санад ва пардохти ҷарима роҳи ҳалли кор набуда, балки дар зимни санҷиш сабабҳои зиёд хориҷ шудани дуди мошинро маълум намуда, барои бартараф намудани нуқси техникӣ соҳибони воситаи нақлиёт муваззаф карда мешаванд.