"Равзанаи ягонаи гумрук": дар Тоҷикистон воридоту содироти коло осон мешавад

Бо ин иқдом зарурати ҳузури фаолони бахши хусусӣ ва содиркунандагон ва воридкунандагони маҳсулот дар идораҳо боқӣ намемонад ва тамомии хадамоти интернетӣ анҷом мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Раиси Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон аз фаол шудани равзанаи воҳиди интернетии воридоту содирот ва транзити коло дар кишвар аз аввали сентябри 2020 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи "Ховар", Хуршед Каримзода гуфтааст, ки Тоҷикистон нахустин кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд, ки ин равзанаро амалиётӣ мекунад.

Вай таъкид кардааст, ки акнун фаолони иқтисодӣ ва тиҷорӣ метавонанд аз ҳар нуқта аз ҷаҳон дархости хеш барои воридоту содирот ва транзити коло ва маҳсулотро аз тариқи интернет ироа диҳанд ва бо пардохти ҳазинаи ин хадамот, иҷозатномаи лозимро дарёфт кунанд.

Раҳмон дар ҳайати мушовараи Хадамоти гумрук тағйирот ворид кард

Бо ин иқдом зарурати ҳузури фаолони бахши хусусӣ ва содиркунандагон ва воридкунандагони маҳсулот дар идораҳо боқӣ намемонад ва тамомии хадамоти интернетӣ анҷом мешавад.

Ин иқдом муҷиби сарфакорӣ дар вақт, шаффофсозии тиҷорат, тасҳили раванди дарёфти иҷозатнома, адами истифода аз коғаз ва кӯтоҳ шудани замони баррасии дарёфти иҷозатномаҳо мегардад.

Хадамоти гумрук гуфт кадом маҳсулоти пастсифат ба Тоҷикистон бештар қочоқ мешавад

Ҳифзи аснод ва мадракҳои мутақозиён дар архиви ин равзана имкони судури дубораи иҷозатномаҳо бар асоси дархости онон барои анҷоми амалиёти воридоту содирот ва транзити коло низ фароҳам месозад.

Ба манзури расидагӣ ва посухгӯии сареъ ба дархостҳои мутақозиён беш аз 400 корманди гумруки Тоҷикистон давраҳои омӯзишии вижаро фарогирифтаанд.