Наздикии Хоруғ: сабти заминҷунбии 5 - балла дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Якбора чанд Марказҳои байналмилалии зилзилашиносӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон заминҷунбии 5 - балларо ба қайд гирифтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Афғонисон заминҷунбӣ бо қувваи 4,9 дараҷаи Рихтер рух дод, хабар медиҳад Хадамоти ягонаи геофизикии Академияи илмҳои Русия.

Дар Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод

Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар 43 километр дуртар аз маркази ВМКБ - шаҳри Хоруғ дар умқи 100 километр ба вуқӯъ омадаст.

Заминҷунбӣ дар Тоҷикобод 100 манзилро хароб кард: хисорот ҳисоб шуду кумак баррасӣ мешавад

Замин соати 03:11 дақиқаи рӯзи 27 август ларзид. Феълан малумот дар мавриди талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ рӯйи даст нест.

Ёдовар мешавем, рӯзи 13 август, дар наздии Мӯъминобод ва Обигарм заминҷунбии 5 - балла рух дод, ки ларзиши замин ҳатто дар Ӯзбекистон низ эҳсос мешуд.

Он замон маркази заминларза дар умқи 10 километр ва 33 километр дуртар аз Обигарм арзёбӣ намуданд.