Шоири тоҷик барандаи “Ситораи Иттиҳод” ва 2 миллион рубл шуд

Тимур Зулфиқоров, шоири русзабони тоҷик, бо ҷоизаи байнидавлатии “Ситораи Иттиҳод” дар бахши фарҳангу санъат ва ду миллион рубл қадрдонӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тимур Зулфиқоров барандаи ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” – 2019 шуд, хабар дод котиботи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ.

Ҷаримабандии нафақахӯри камбизоат барои баргузории “сол”-и модараш

Барандаҳои “Ситораи Иттиҳод” соҳиби диплом, нишони рамзӣ ва ду миллион рубл мешаванд.

Дар баробари Зулфиқоров ба феҳрасти барандагони ҷоиза инчунин чеҳраҳои шинохтаи фарҳанг аз кишварҳои ИДМ – Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Молдова шомил гардиданд.

Аз ҷумла ҷоизаи мазкурро нависандаи шинохта аз Русия, Гузел Яхина, муаллифи романи “Зулайхо чашм мекушояд” соҳиб гардидааст. Фаррух Зокиров, овозхону оҳангсоози шинохтаи ӯзбек, роҳбари гуруҳи “Ялла” низ барандаи ҷоиза шуд.

Тибқи анъана маросими эътои ҷоиза дар доираи Анҷумани зиёиёни эҷодию илмӣ баргузор мешавад, ки имсол дар Тошканд дар назар аст, аммо ба далели пандемияи коронавирус ба таъхир афтода, шеваи баргузорияш низ феълан дақиқ нест.

Ҷоизаи мазкур ҳамасола дар се бахш – илму маориф, фарҳангу санъат ва фаъолияти гуманитарӣ тақдим карда мешавад.

Солҳои қабл аз Тоҷикистон рассом Вафо Назаров, шоир Низом Қосим, ҳунарпеша Ибодулло Машрабов, академик Талбак Назаров ва таърихшинос Раҳим Масов барандаи ин ҷоиза гардида буданд.