СУТ ба КҲФ Суғд 10 адад дастгоҳи оксигенератор тақдим кард

Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба нуқтаи тиббии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 10 адад дастгоҳи оксигенератор дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Як ҳайат аз СУТ бо сарварии профессор Александ Семёнов, мутахассис оид ба бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон Абдулаҳад Сафаров, дар Раёсати КҲФ - и Суғд  ҳолати омодабошии нуқтаи тиббии Раёсат барои қабули ҳайати шахсӣ бо бемориҳои сироятӣ, таъминоти таҷҳизотҳо ва лавозимотҳои тиббиро санҷид.

Дубора гирифтори коронавирус мешаванд? - посухи СУТ

Бино ба гузориши КҲФ, баъдан, дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо роҳбарии муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Анвар Қосимов бо намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт мулоқот баргузор шуд.

Ташрифи ҳайати СҶБ ба Туркманистон, кишваре, ки худро озод аз COVID-19 медонад

Дар рафти мулоқот оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дар байни ҳайати шахсӣ, чорабиниҳое, ки баҳри пешгирии интиқол ва паҳн нагардидани сирояти бемории коронавирус COVID-19 аз ҷониби Роҳбарияти Раёсат ба роҳ монда шуда, чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсат ва корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баррасӣ шудааст.

Манбаъ афзуда, ки рофессор Александр Семёнов миннатдории худро ба Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати вилоят ҷиҳати корҳои ба сомон расонида шуда, дар самти мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус  баён намуда, ба нуқтаи тиббии Раёсат 10 адад дастгоҳи оксигенератор супурд.