ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Шабакаи телевизионии Shamshad News бо такя ба мақомоти маҳаллӣ гуфтааст, ҳадди аққал 45 нафар қурбони обхезӣ дар вилояти Парвони Афғонистон шуданд.
Қаблан, шабакаи телевизионии Tolo News аз ҳалок шудани 25 нафар ва 56 захмӣ хабар дода буд.
Сел соати сеи шаб, замоне омадааст, ки ҳама дар хоб будаанд.
Гуфта мешавад, миёни ҳалокшудагон бисёр занҳо ва кӯдакон мебошанд.
Қайд шудааст, ки сокинони Парвон аз мақомот хоҳиш мекунанд, ки барои бартараф кардани офат кӯмак кунанд.
Қаблан, шабака бо такя ба мақомоти маҳаллӣ хабар дод, ки обхезӣ шаби чоршанбе дар музофоти Парвон оғоз шудааст.
Дар натиҷа, даҳҳо хона ва мошинҳо дар пойтахти ин вилоят - шаҳри Чорикор хароб шуданд.