Дар Душанбе Идҳои каду, харбуза ва тарбуз таҷлил мешавад

Дар Тоҷикистон Идҳои каду, харбуза ва тарбуз таҷлил мешаванд. Дар ин ҷашнҳо, кишоварзон аз шаҳру  ноҳияҳои мамлакат маҳсулоти полезии худро ба намоишу фурӯш мегузоранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 30 август дар Маҷмааи савдои "Меҳргон"-и шаҳри Душанбе, Иди каду, харбуза ва тарбуз доир  мегардад.

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба Вазорати кишоварзӣ хабар медиҳад.

"Дар  Маҷмааи савдои «Меҳргон» кишоварзон аз шаҳру  ноҳияҳои мамлакат маҳсулоти полезии худро ба намоишу фурӯш мегузоранд. Инчунин аз ҷониби кишоварзон дастархон бо анвои маҳсулоти полезӣ оро дода мешавад. Дар ин рӯз ярмарка — фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ ташкил мегардад, ки сокинону меҳмонони  пойтахт метавонанд маҳсулотҳои кишоварзиро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд",-афзудааст манбаъ.

Бояд тазаккур дод, ки  бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус ва талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ тасмим гирифта шуд, ки имсол идҳои мазкур дар якҷоягӣ таҷлил карда шавад.

Дар пойтахт Иди тарбузу харбуза баргузор мегардад

Ёдовар мешавем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунурҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 якшанбе охири моҳи август Иди каду ва ҳафтаи аввали шанбеи моҳи сентябр Иди харбуза ва тарбуз   таҷлил карда мешавад.

Иди борон? Дар Тоҷикистон боз як ҷашни қадимиро роҳандозӣ мекунанд

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории иди мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст.

Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзиӣ барои беҳтарин хоҷагии харбуза, тарбуз ва кадупарвари мамлакат туҳфа ва ифтихорнома тақдим мегардад.