Боздошти корманди идораи замин дар Деваштич аз суи Оҷонсии зидди фасод

Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як корманди Корхонаи воҳиди фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайри манқул”-и Кумитаи заминро боздошт кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ Абдиев Тоҳир Ашуралиевич дар вазифаи мутахассиси КДФ “БММҒ” дар ноҳияи Деваштич кор карда истода, замони фаъолияташ даст ба заминфурӯшӣ задааст.

Боздошти заминфурӯшон дар Хуҷанд: бо маслиҳати масъулини Кумитаи идораи замин мекардаанд
Ба иттилои манбаъ, номбурда дар давраи аз солҳои 2012-2020 аз шаҳрванд Абдулҳакимов Ш.А., барои аз ҳисоби заминҳои ҳудуди ноҳияи мазкур ҷудо намудани 0,14 га. қитъаи заминӣ наздиҳавлигӣ, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ, дар якчанд ҳолат маблағи 3200 доллари ИМА ва 9500 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намуд.

Гуфта мешавад, дар ин асос нисбати Абдиев Т.А. бо моддаҳои 247 қисми 3 банди “а” ва 3381 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷуҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Боздошти корманди идораи замини шаҳри Исфара бо 12 ҳазор доллар пора

Ёдовар мешавем, Оҷонсӣ қаблан низ Шукур Мусоев, корманди  Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Исфараро боздошт кард, ки барои иваз намудани таъйинотӣ қитъаи замини бошишгоҳи саҳроӣ аз шаҳрванд Раҳматов Мирзобаҳром 12 ҳазор доллар гирифтааст.