Барканории Вождаев аз мақом дар Тоҷикистону вазифагирӣ дар Ӯзбекистон: Иванов-ҷойгузин шуд

Михаил Вождаев, роҳбари “Россотрудничество” дар Тоҷикистон ба далели гузаштан ба кори дигар аз мақомаш барканор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Мушовири давлатии дараҷаи аввали Русия, Михаил Валеревич Вождаев аз мақоми роҳбари “Россотрудничество” дар Тоҷикистон баканор шуда, ба вазифаи нав таъйин гардид, хабар дод сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Дар Душанбе Идҳои каду, харбуза ва тарбуз таҷлил мешавад

Тавре аз сафорати Русия дар Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, аз 19 августи соли равон Вождаев ба мақоми роҳбари намояндагии "Россотрудничество" дар Ӯзбекистон таъйин шуд.

“Ҳузновар аст, ки Тоҷикистонро тарк мекунам, аммо фикр мекунам, ки хеле корҳоро анҷом додем. Аз шарикон, ҳамкорон ва дӯстон барои дастгирӣ миннатдорам. Хеле лоиҳаҳои ҷолибро амалӣ кардем ва умедворам таҷрибаи андӯхта дар Тоҷикистон дар мақоми нав коромад хоҳад буд”, - гуфт Вождаев дар суҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон.

Феълан иҷрокунандаи вазифаи роҳбари “Россотрудничество” дар Тоҷикистон Иван Сергеевич Иванов таъйин гардид, ки қаблан дар симмати муовини раиси намояндагӣ кор мекард.

Барканории Вождаев аз мақом дар Тоҷикистону вазифагирӣ дар Ӯзбекистон: Иванов-ҷойгузин шуд

Иван Иванов, мушовири хизмати давлатию шаҳрвандии Русия дараҷаи сеюм мебошад, ки тамоми фаъолияти дипломатияшро дар Осиёи Марказӣ гузарондааст.