ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Ба 26 оилае, ки аз заминларзаи рӯзи 4 август қисман зарар дида буданд, бо техникаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳисоби ҳукумати кишвар маводи сохтмонӣ равона карда шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кумак ба осебдидагони ноҳияи Тоҷикобод, гурӯҳи корӣ таҳти раёсати сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ, полконик Ҷамшед Камолов ташкил намуд.
"Ин кумакҳо аз 78 тонна семент, 10,4 тонна арматура, 1690 адад бомпӯши металӣ ва 78 метри мукааб чӯбу тахта иборат буд. Бо иштироки Комиссияи ноҳиявӣ таҳти сарварии муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Бахтиёр Ҳақназаров ба ҳамаи оилаҳои осебдида дар ин заминларза ин кумакҳо тақсим карда шуданд", - омадааст дар хабарномаи КҲФ.
Ғайр аз ин бар асоси дастури Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ба ҳамаи ин оилаҳо ба маблағи умумии 25 ҳазору 850 сомонӣ кумаки яквақтаи молӣ аз фонди хароҷотҳои эҳтиётии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шуд.
Хотирнишон менамоем, ки 4 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминдарза ба кайд гирифта шуд. Маркази заминларза 201 километр дуртар аз Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод воқеъ буд. Қувваи заминларза дар марказ 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.
Заминҷунбӣ дар Тоҷикобод 100 манзилро хароб кард: хисорот ҳисоб шуду кумак баррасӣ мешавад
Бар асари заминҷунбӣ 26 манзили истиқоматӣ қисман зарар дидаанд, 85 хонаи истиқоматӣ ва биноҳои ёрирасони воқеъ дар деҳаҳои Ганишоб, Сафедоб, Дараи Назараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби об, Себистон, Ширинчашма, Сари Най ва Полезаки ҷамоати деҳоти Ширинчашма, Нушори ҷамоати деҳоти Нушор, Зарафшон ва Шаҳристони ҷамоати деҳоти ба номи М. Шогадоев каму беш осеб диданд.