Оилаи Соҳибовҳо дар Хатлон беш аз 13 километр роҳро таъмир доранд

Аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон беш аз 13 км роҳҳои деҳаи Зағертут мумфарш мегарданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 авг— Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон  дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ - оилаи Соҳибовҳо беш аз 13 км роҳҳои деҳаи Зағертут мумфарш мегарданд.

Дар давоми 29 соли Истиқлолият дар ноҳияи Ҷайҳун ягон муассисаи таълимӣ сохта нашудаст

Тибқи иттилои манбаъ, ҳоло дар деҳаи Зағертут корҳои роҳсозӣ босуръат идома дошта, сохтмончиён талош доранд, ки роҳи мазкурро   дар кӯтоҳтарин фурсат  бо сифати баланд мумфарш намуда, ба истифода диҳанд.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки барои дар муддати кӯтоҳтарин ба итмом расидани сохтмон ва ҳамворнамоии роҳҳо ба кумаки соҳибкорон Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант бо кормандон ва техникаҳои  роҳсозӣ сафарбар гардида, корҳо авҷи бештар ёфтаанд.

“То имрӯз  дар деҳоти Леваканд аз ҷониби соҳибкорон беш аз 6 км роҳ мумфарш гардидааст”, - таъкид доштааст манбаъ.

Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо бо ҳиммати соҳибкорони деҳоту ноҳия бунёду мумфаршкунии боз садҳо километр роҳҳо идома дошта,  ин ҳама бунёдкорию созандагӣ ба хотири ба шаҳр наздик сохтани симои деҳот ва таъмини инфрасохтори зарурӣ дар он мебошад.