Нигаронии мақомоти Хуҷанд аз мавҷи дуюми вируси корона

Мақомоти Хуҷанд таъкид доштааст, ки бархе шаҳрвандоне, ки миёни хонавода ва пайвандонашон бемории короновирус дарёфт шудааст, бо вуҷуди огоҳии чандкарата ҳамарӯза ба кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир шуда, ба саломатии дигар шаҳрвандон низ хатар эҷод намуда истодаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 авг— Sputnik. Мақомоти шаҳри Хуҷанд қайд кардааст, ки мутаассифона рӯзҳои охир ҳолатҳои нави сироятёбӣ, бахусус бидуни нишонаҳои хос ошкоршавии беморӣ табибонро ба ташвиш овардааст, ки сироятшиносон омили асосии онро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кўча баромадан ва масофаро риоя накардан дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ медонанд.

Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ додааст.

Даргузашти сармуҳосиби маорифи Хуҷанд бар асари беморӣ

“Воқеан ҳам бархе шаҳрвандоне, ки миёни хонавода ва пайвандонашон бемории сироятии короновирус дарёфт шудааст, бо вуҷуди огоҳии чандкарата ҳамарўза ба кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир шуда, ба саломатии дигар шаҳрвандон низ хатар эҷод намуда истодаанд. Ё худ дар як оила зан ё мард гирифтори бемории короновирус шудааст, дидаву дониста фарзандҳояшонро ба мактаб гусел мекунанд ва ё нафари солим бо бемор дар як хона зиндагӣ намуда, худро дар фосила нигоҳ надошта, нисбати пешниҳодоти духтурони оилавӣ ва мутахасисони соҳаи тиб бепарвогӣ зоҳир намуда истодаанд, ки натиҷа бемор шуда ба афзун гардидани шумораи беморон оварда расонида истодаанд”, - зикр намудааст манбаъ.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ҳар як шаҳрванд бояд хуб дарк намояд, ки ин бемории хатарнок, ки дар як муддати кӯтоҳ бошиддат дар олам паҳн шуда, 213 давлати дунёро таҳти таъсир қарор дод, ки ҳатто кишварҳои абарқудрат ба он истодагӣ карда натавонистанд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза масоили марбут ба сироятшавӣ ва роҳҳои пешгирии он дар Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидимикӣ барои пешгирӣ ва пайдоиши бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19) мавриди баррасӣ қарор дода шуда, он зери назорати доимӣ мебошад.

“Тамоми кормандони соҳаи тиб дар госпиталҳои таъсиснамудаи шаҳр, бо донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирусро бо ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон сиппарӣ намуданд, нагузорем, ки боз давраи вазнини дигари он-авҷи дуюми беморӣ табибибон ва ҳамшираҳои шафқати мо ва худи моро дар ташвиш гузорад”, - афзудааст манбаъ.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд қайд намудааст, ҳангоми гирифторӣ бояд ба ин беморӣ тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ҷиддан риоя кард.

“Бахусус ҳангоми сироятёбӣ яке аз узви оила, қоидаҳои беҳдоштӣ ва меъёрҳои иззолиётсиониро риоя намоем. Ба бемор то қадри имкон ҳуҷраи алоҳида, зарфҳои алоҳида, хўроки алоҳида ва дигар эҳтиёҷоти фардиро муҳайё созем. Ягон нафар аъзои оила то солим гардидани шахси сироятёфта, бидуни зарурат ба кўча, мактаб, кор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ набояд равад. Хонаи истиқоматиашонро тарк насозанд. Зеро бо ин кирдор авзои сироятёбиро дар шаҳр муташанниҷ мегардонад. Ва мубориза алайҳи он душвортар мешавад”, зикр кардааст манбаъ.

Ҳамзамон мақомоти шаҳри Хуҷанд таъкид намудааст, ки сокинони шаҳр то ҳанӯз дар тӯю маъракаҳо, ҷойҳои дилхушӣ, бозору мағоза, боғҳои фарҳангӣ, майдончаҳои назди хонаҳои баландошёна бепарвоёна бидуни ниқоб ва фосилагирӣ ҷамъ мешаванд, ки манбаи сироятёбиро пайдо ва ё бемории сироятиро ба хонаводаашон интиқол медиҳанд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бори дигар аз сокинон ва меҳмонони хоҳиш карадааст, ки тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қатъиян риоя намоянд, худ ва аҳли оилаашонро аз гирифторӣ ба бемории сироятии короновирус эмин нигоҳ доранд.

Гуфта шудааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шари Хуҷанд барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадобир ва чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.