Садамаи маргбор: мошини ҳомили 6 узви оилаи Чаққоновҳо чаппа шуд-видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар шаҳри Панҷакент хабар дод, ки ҳалокшуда ва маҷруҳшудаҳо аъзои як оила мебошанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 авг— Sputnik. Мошини “Опел” таҳти идораи Самрад Чаққонови 29-сола бо суръати баланд дар ҳудуди  ҷамоати деҳоти Ёрии  шаҳри Панҷакент чаппа шудааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон далели чаппашавиро ҳаракат бо суръати баланд ва аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадани ронанда гуфт.

Дар пайи садама як мусофир, бародари ронанда, Ҳусейнбой Чаққонов, соли таваллудаш 1998 дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 4 мусофири дигар, ки аъзои оилаи Чаққоновҳо будаанд, маҷруҳ шудаанд.

Манбаъ таъкид кард, ки миёни маҷҳуҳшудаҳо аз оилаи Чаққоновҳо ду нафарашон ноболиғ буданд, ки феълан дар беморхона бистарӣ мебошанд.