Мусибат дар хонаводаи Иззат Шарифӣ: модарашро аз даст дод

Сарояндаи маҳбуби Тоҷикистон Иззат Шарифӣ қаблан дар сафҳаи худ дар Фейсбук аз ҳаводорон ва корбарон даъват намуд, то барои шифо ёфтани модараш даст ба дуо бошанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар хонаводаи сарояндаи машҳури Тоҷикистон Иззат Шарифӣ мусибати калон рух додааст. Овозхони номӣ модарашро аз даст дод.

Фоҷиа дар ноҳияи Ҷомӣ: марги чор сокин баъди баргаштан аз ҷаноза

Се рӯз қабл Иззат Шариф дар сафҳаи худ дар Фейсбук акси модарашро интишор карда, аз мариз будани ӯ хабар дод.

Ӯ аз тамоми мухлисон ва корбарони шабака дархост намуд, то баҳри шифоёбии модари ӯ дуогӯй бошанд.

Мусибат дар хонаводаи полковники тоҷик: модар ва хоҳарбузургашро аз даст дод

Аммо, имрӯз, 24 август модари Шарифӣ пас аз чанд рӯзи беморӣ, ҷон ба Ҷонофарин таслим кард.

Дақиқан гуфта нашудааст, ки модари марҳуми сароянда аз чӣ дард азият мекашид ва илллати марги ӯ кадом беморӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл сарояндаи дигари Тоҷикистон Зафар Аюбӣ низ падарашро аз даст дод.