Роҳбари ҲИИТ Рустам Раҳматзода ҳамчун номзад ба курсии президентӣ пешбарӣ шуд

Раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода чаҳорумин номзади курсии президентӣ пешниҳод шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) раиси ҳизб Рустам Раҳматзода (Қудратов) -ро ҳамчун номзад ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ пешбарӣ кардааст, иттилоъ медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Иқтисодчӣ, соҳибкор ва сиёсатмадор: номзади навбатӣ ба курсии Президент кист?

Номзадии Раҳматзода имрӯз, 24 август, дар ҷаласаи пешазинтихоботии ҲИИТ дар Душанбе маълум шуд.

Рустам Раҳматзода дар баромади худ қайд кард, ки ҳадафи ӯ мубориза бо камбизоатӣ, рушди иқтисод, ислоҳоти соҳаи бонкӣ ва ғайра аст.

Ёдовар мешавем, ки ҲИИТ соли 2005 таъсис ёфта,  ҷонибдори татбиқи ислоҳоти аграрӣ, таҷдиди сиёсати саноатӣ ва ҳалли мушкилоти молиявӣ мебошад.

Қаблан раҳбари пешини ин ҳизб Олимҷон Бобоев ду маротиба дар интихоботи президентии Тоҷикистон, солҳои 2006 ва 2013 ширкат карда буд.

Ҳамин тариқ, то имрӯз аз ҳафт ҳизби сиёсии кишвар чаҳортои онҳо расман номзадҳои худро ба президентӣ пешбарӣ кардаанд.

Метро ва даромади пулакӣ ба Душанбе: ваъдаҳои Ғаффорзода дар сурати пирӯзӣ дар интихобот

Қаблан Ҳизби сотсиалистӣ раиси онро Абдуҳалим Ғаффоров ва Ҳизби аграрӣ - роҳбари он Рустам Латифзодаро пешбарӣ карда буданд.

Нахустин даъвогар ба курсии президент дар Тоҷикистон кист?

Ғайр аз он, Ҳизби демократии Тоҷикистон низ номзад ба мансаби президентӣ - Саидҷаъфар Усмонзодаро пешкаш кардааст.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 таъин шудааст.