ДУШАНБЕ, 24 авг— Sputnik. Идораи назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд бо нашри як муроҷиатнома аз афзоиши сирояти бемории коронавирус бидуни нишонаҳои хос хабар дода, аз сокинон риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштиро тақозо намудааст.
Дар муроҷиатномаи мақомоти беҳдоштии Хуҷанд, таъкид шудааст, ки рӯзҳои охир бидуни нишонаҳои хос пайдо шудани бемории коронавирус бештар шудаст, ки ба гуфтаи табибон ташвишовар мебошад.
“Риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба афзоиши сирояти беморӣ боис гардидааст. Воқеан ҳам бархе шаҳрвандоне, ки аз миёни хонавода ва пайвандонашон бемории сироятии короновирус дарёфт шудааст, бо вуҷуди огоҳии чандкарата ҳамарӯза ба кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир шуда, ба саломатии дигар шаҳрвандон низ хатар эҷод намуда истодаанд”, - таъкид шудааст дар муроҷиатнома.
Мактабравӣ аз оилаҳои дорои бемор: ташвиши мақомот аз COVID-19 бидуни нишона
Дар идома зикр шудааст, ки дар як оила зан ё мард гирифтори бемории короновирус шудааст, дидаву дониста фарзандҳояшонро ба мактаб гусел мекунанд.
“Ё нафари солим бо бемор дар як хона зиндагӣ намуда, худро дар фосила нигоҳ надошта, нисбати пешниҳодоти духтурони оилавӣ ва мутахасисони соҳаи тиб бепарвогӣ зоҳир намуда истодаанд, ки натиҷа теъдоди беморон зиёд шудаистодааст”, - изҳори нигаронӣ кардаанд мақомоти беҳдоштии Хуҷанд.
Дар муроҷиатномаи ин идора, ки онро котиби матбуотии ҳукумати Хуҷанд нашр намудааст гуфта шудааст, ки сокинони шаҳр то ҳанӯз дар тӯю маъракаҳо, ҷойҳои дилхушӣ, бозору мағоза, боғҳои фарҳангӣ, майдончаҳои назди хонаҳои баландошёна бепарвоёна бидуни ниқоб ва фосилагирӣ ҷамъ шуда ва барои паҳни эҳтимолии сирояти беморӣ боис мегарданд.
Идораи беҳдоштии Хуҷанд бо нашри муроҷиатнома аз сокинон қатъиян талаб кардааст, ки қоидаҳои беҳдоштӣ ва тавсияҳои Вазорати тандурустиро риоя намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бастани ниқоб ва нигоҳдории масофаи иҷтимоиро ҷиддӣ бигиранд.