ДУШАНБЕ, 24 авг – Sputnik. Рашидов, ки аз бемории “илтиҳоби шуш” дар яке аз бемористонҳои Хуҷанд табобат мегирифт, рӯзи 24-уми август аз олам чашм пӯшид, хабар доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон.
“Имрӯз соати 16:00, баъд аз зуҳр маросими ҷанозаи Дилмурод Рашидов баргузор гардид. Марҳум Рашидов дар қабристони ба номи Марғедари шаҳри Панҷакент ба хок супорида шуд”, гуфт мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, полковник Рашидов дар гузашта (солҳои 2017-2018) сардори бахши Хадамоти гумрук дар шаҳри Панҷакент фаъолият карда, ҳудуди 25 сол дар ин соҳа хидмат кардааст.
Бар асоси ҳолномаи нашркардаи наздикон, Рашидов Дилмурод Хурсандмуродович 12 августи соли 1970 дар деҳаи Панҷрӯди ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент ба дунё омада, баъд аз таҳсил дар донишгоҳ, аз соли 1995 то лаҳзаҳои охирини ҳаёташ дар вазифаҳои гуногуни мақомоти гумрук дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд фаъолият намудааст.