Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт: наврасоне, ки бештар аз 12 сол доранд беҳтар аст ниқоб пӯшанд

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, ки барои наврасони 12-сола ва болотар аз он ниқоб пӯшидан беҳтар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik.  Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Ал-Олам, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд дар раванди муқобила бо ҳамагирии ҷаҳонии Ковид-19, наврасоне, ки 12 солу бештар син доранд беҳтар аст монанди бузургсолону дигари шаҳрвандон ниқоб пӯшанд.

Роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт замони анҷоми пандемияи коронавирусро гуфт

Ин Созмони байналмилалӣ таъкид карда аст, ки истифода аз ниқоб  ба вижа дар шароите, ки имкони ҳифзи фосилаи физикӣ ба андозаи як метру бештар набошад зарурӣ  аст.

Ба гуфтаи ин ниҳод ва сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳиди -Юнисеф, дар манотиқ, маҳаллаҳо ё маконҳое, ки вируси корона ба таври густарда дар ҳоли интишор аст, ниқоб пӯшидан байни шаҳрвандони болоии 12 сол бояд амри роиҷ талаққӣ шавад.

Ин ду ниҳоди байналмилалӣ мегӯянд дар бораи истифода аз ниқоб дар миёни афроде, ки 6 то 11 сол доранд , масоили мухталифе бояд дар назар гирифта шавад; аз ҷумла  шиддати интишори вирус, имкону шароити кӯдак барои истифода аз ниқоб ва назорати кофии бузургсолон .

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва Юнисеф мегӯянд кӯдакони зери 6 сол ба далели масоили марбут ба эминӣ ва саломатии онҳо, набояд маҷбур ба пӯшидани ниқоб шаванд.