Иқтисодчӣ, соҳибкор ва сиёсатмадор: номзади навбатӣ ба курсии Президент кист?

Дар анҷумани 16-уми ғайринавбатии ҲДТ, ки субҳи имрӯз баргузор гардид, номзадии Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ин ҳизб ба унвони номзад ба раисҷумҳур пешниҳод шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Дар сомонаи расмии парлумони Тоҷикистон гуфта шудааст, ки Усмонзода Саидҷаъфар Усмон 4 ноябри соли 1960 дар деҳшӯрои ноҳияи Фархор дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст.

Боз як даъвогар ба курсии Президент: Саидҷаъфар Усмонзода номзадиашро пешбарӣ кард

Аз моҳи сентябри соли 1967 то моҳи июни соли 1977 дар мактаби миёнаи №5 ба номи Калинини ноҳияи Фархор таҳсил намудааст.

Номзад ба курсии президент  факултаи иқтисодии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ӯ фаъолияти кориашро соли 1983-ба ҳайси Иқтисодчии бонки сохтмонии вилояти Курғонтеппа оғоз намудааст.

Усмонзода Саидҷаъфар, аз соли 1984 то 1989 ҳамчун Корманди Кумитаи комсомолии шаҳр ва вилояти Курғонтеппа кору фаъолият кардааст.

Баъд аз солҳаои 1990 ба ҳайси нозири кумитаи назорати халқии шаҳри Курғонтеппа ба кор шуръ кард.

Ҳамчунин, ӯ дар солҳои гуногун ба ҳайси Раиси кооперативи истеҳсолии “Хатлон” — и ноҳияи Ховалинг ва Хизмат дар Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон кор кардааст.

Сипас дар солҳои 1997 ба ҳайси Мудири шуъбаи Иттифоқи ҷавонони шаҳри Душанбе ва дар соли 1999 Сардори идораи коргузории Бонки Миллии Тоҷикистон низ кор кардааст.

 Дар аввали солҳои 2000 -ум Усмонзода ба ҳайси ҷонишини Директори корхонаи хӯрокаи ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, ва дар соли 2002 ба ҳайси Директори маркази техникии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Инчунин соли 2002-ум Хизмат дар Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас соли 2004 дар вазифаи сардори полиси андози шаҳри Турсунзода кор кардааст.

Соли 2005 ба вазифаи ноиби ректори Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон таъйин шуд.

Довталаби дигари курсии президенти Тоҷикистон маълум шуд: талоши сеюм

Усмонзода Саидҷаъфар дар баробари фаъолият дар Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ҳамчунин ба ҳайси соҳибкор фаъолият дошт ва 16 декабри соли 2012  раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон интихоб шуд.

Бояд қайд кард, ки 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Соли 2001 рисолаи номзади илмҳои иқтисодиро дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар шароити бозаргонӣ, дар ҳолати зиёд будани қувваи корӣ” — ро ҳимоя намудааст.

Соли 2005 шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Саидҷаъфар Усмонзода дар интихоботи президентии соли 2013 низ ҳамчун номзад иштирок карда, ба иттилои Кумисюни марказии интихобот овози камтаре ба даст оварда буд. Вале дар интихоботҳои порлумонии соли 2015 ва 2020 ҳамчун вакил вориди Маҷлиси Намояндагон шудааст.

Ба ин тартиб, аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон то ҳол номзадҳои Ҳизби аграрӣ, сотсиалистӣ ва инак Ҳизби демократ маълум шуданд.

Ин интихоботи шашуми президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 ба ин тараф дар чаҳор интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шудааст.