Даргузашти сармуҳосиби маорифи Хуҷанд бар асари беморӣ

Ӯрунбоева Лола Ҳамидовна, сармуҳосиби шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бар асари беморӣ аз олам даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Бино ба иттилоъи манобеъ Ӯрунбоева рӯзи 21 уми август дар вақти табобат дар бемористон дар синни 58-солагӣ ҷон ба Ҷонофарин таслим кардааст.

Мотам дар оилаи Зафар Аюбӣ: сарвари хонадон даргузашт

“Чанд сол ба ин тараф аз бемории қанд ранҷ мекашиданд, мутаасифона ин беморӣ ба кори қалбашон низ таъсир расондааст. Рӯзи ҷумъа дунёи фониро тарк карданд”,- гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.

Шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд низ аз даргузашти сармуҳосиб Лола Ӯрунбоева хабар дода, ба аҳли оила ва пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ баён намудааст.

“Ӯрунбоева Лола Ҳамидовна бонуи нексиришту кордон, нисбати ҳамкорон меҳрубон ва дар масъалаи муносибат ба вазифааш масъулиятшинос буд ва маҳз бо хислатҳои ҳамидаи росткорию ростгуфторӣ, меҳнатқаринию собитқадамӣ ва ботавозую хоксорӣ аҳли маорифи шаҳр ӯро дӯст медоштанд ва эҳтиромаш мекарданд. Хотираи неки шодравон Ӯрунбоева Лола Ҳамидовна дар қалби аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд ҷовидон хоҳад монд”, - изҳор доштаанд, дар маорифи Хуҷанд.

Фавт зиёд шуд: омори нави COVID-19 дар Тоҷикистон

Ӯрунбоева Лола Ҳамидовна 23-уми феврали соли 1962 таваллуд шуда, баробари гирифтани маълумоти муҳосибӣ, фаъолияти худро аз соли 1980 ба ҳайси муҳосиб оғоз карда, дар собиқаи беш аз чиҳилсолаи худ дар вазифаҳои ҳисобдор, муҳосиби калон ва сармуҳосиб фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаи маориф саҳми назаррас гузоштааст.