Дар Душанбе хариду таъмири мошини "Mersedes –Benz" осон шуд

Дар Душанбе Маркази хизматрасонии "Mersedes –Benz" ифтитоҳ гардид. Рисолати асосии ширкат фурӯши мошинҳои нав ва таъмири автомобилҳои истеҳсоли ин тамға аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дар Душанбе Маркази хизматрасонии "Mersedes –Benz"  ифтитоҳ гардид, гузориш медиҳад "Ховар".

"Мақсади асосӣ таъмини сифати баланди  хизматрасонӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои  инноватсионӣ  дар раванди таъмир ва пешниҳоди интихоби васеи  мошинҳои  тамғаи "Mersedes –Benz"   мебошад", - мегӯяд мудири марказ  Зариф Исмоилов.

Дастури Раҳмон барои истеҳсоли мошинҳои олмониву ҷопонӣ дар Тоҷикистон

Мавсуф афзуд, ки марказ  тибқи талаботи  баланде, ки  ширкати "Daimler AG"-и Олмон  нисбат ба корхонаҳои "Mersedes –Benz" пешниҳод менамояд, бунёд карда шудааст. 

"Рисолати асосии  ширкат фурӯши мошинҳои нав, трейд-ин –низоми  харид,  рушди нигоҳубини мошин баъд аз харид, сифати баланди хизматрасонӣ, реҷаи кории роҳат  ва доираи васеи хизматрасониҳои  иловагӣ мебошад", - афзуд Исмоилов.

Маркази хизматрасонӣ,  ки бо таҷҳизоти навтарини техникӣ муҷаҳҳаз гаштааст, бо иқтидори  таъмири  комили то 20 мошин дар як рӯз омода буда,  ба муштариён  хизматрасониҳои баландсифати  нигоҳубини кафолатӣ, анбори   бузурги қисмҳои эҳтиётӣ ва  лавозимоти аслии "Mersedes –Benz"-ро пешкаш менамояд.

001: кортежи президенти Тоҷикистон ба навор афтод - видео

Ифтитоҳи Маркази "Mersedes –Benz" дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки  алҳол  25 фоизи   бозори мошинҳоро дар Тоҷикистон  мошинҳои тамғаи  ин ширкати маъруфи олмонӣ   ташкил медиҳад.

Бо ифтитоҳи Маркази мазкур доираи истифодаи  мошинҳои дорои сифат ва  талаботи баланд  ҳам дар байни шаҳрвандони мамлакат  ва ҳам намояндагони корпусҳои дипломатии  муқими Тоҷикистон  ва созмонҳои   байналмилалӣ тавсеа меёбад.