Бозору марказҳои савдои Хуҷандро "дезинфексия" карданд

Гурӯҳҳои зудамал аз ҳисоби наҷотдиҳандагон, табибон ва кимиёшиносон барои баргузории корҳои зиддиуфунӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд чораҳо меандешанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Бозору марказҳои савдои Хуҷандро "дезинфексия" карданд, гузориш медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Суғд: шифоёбии 125 кӯдак аз бемории илтиҳоби шуш

Бино бар иттилои манбаъ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус ва баланд бардоштани сатҳои чорабиниҳои пешигирикунанда дар ин самт дар саросари кишвар тадбирҳои маҷмуъӣ роҳандозӣ мекунад.

Г"урӯҳҳои зудамал аз ҳисоби наҷотдиҳандагон, табибон ва кимиёшиносон барои баргузории корҳои зиддиуфунӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд чораҳо меандешанд", -  менависад манбаъ.

Чунончӣ, 20 августи соли 2020 кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд бо ёрии техникаи  махсус, пошандаҳои дастиву муҳаррикдор корҳои уфунатзудоӣ дар ҳудуди бозорҳо, марказҳои савдои шаҳри Хуҷанд ба роҳ монданд.

Ба ин ҳадафҳо бештар аз 4000 литр малули гипохлорити натрий истифода шуд.

Аҳмадзода шахсан риояи меъёрҳои беҳдоштиро дар донишгоҳҳои Суғд тафтиш кард

Ёдрас мешавем мувофиқи омори 21  август дар Тоҷикистон, 8 ҳазору 277 ба коронавирус гирифтор шуда, дар мамлакат 7072 нафар ё худ 85,4%-и беморон аз COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 66 нафар фавтидаанд.