Шарҳи Раҳмон дар бораи чашмкабудии бадахшониён ва падараш-видео

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи чашми кабуд доштани сокинони Бадахшон суҳбат карда, изҳор дошт, ки падари худи ӯ низ чашмкабуд буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар авлодашон танҳо як духтар мисли падараш чашмони кабуд дорад.

“Як қисми мардуми Бадахшон чашмони кабуд доранд. Падари ман ҳам чашмонаш нил барин кабуд буд. Як духтари хоҳарам, як духтараш танҳо мисли падарам таваллуд шуд. Дигар не, нагузаштааст”, - изҳор дошт ӯ.

Ин чӣ аст, суол гузошт Раҳмон ва худаш посух дод, ки ин нишонаи қадима будани миллати тоҷик, ориётабор будани миллати тоҷик аст.

Раҳмон афзуд, ки дар ҳар як сози мусиқии мардуми Бадахшон қадимӣ будани сокинони он мушоҳида мегардад, зеро дар онҳо тасвирҳои замони ориёӣ, даврони меҳрпарастӣ, унсурҳои маросими Наврӯзу Меҳргон ва дар либосу ҳаракатҳои рақсиашон нишонаҳои аҳди авестоӣ дида мешаванд.

“Масалан, услуби меъмории хонаи бадахшонӣ, нақшҳои рӯи санги мавзеи Лангари ноҳияи Ишкошим ва бисёр ёдгориҳои дигар гувоҳи ҳунармандони асил будани гузаштагони ин диёр мебошад”, - изҳор дошт Раҳмон.

Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки дар ин диёри бостонӣ ҳоло низ осори зиёди санъати миллӣ ҳифз шуда, Бадахшонро ба осорхонаи зиндаи ҳунарҳои мардумӣ табдил додааст.