ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар роҳи мошингарди Кӯлоб - Душанбе садамаи маргбори нақлиётӣ рух додааст, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.
Манбаъ меафзояд, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс-200" Раҷабов Ҷомии 28 - сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи ронанда, Каримов Суҳроби 36 - сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ки аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Ҳалокати фоҷиабори ронанда дар шоҳроҳи Исфара-Конибодом
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Исмоилова Иродаи 37 - сола, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, хурдсолон, Исматов Абубакри 4 - сола, сокини ҳамон ҷо ва Ашурзода Нусхамои 1 - сола, сокини ҷамоати шаҳраки Ҳулбук ва ронандагони ҳар ду худрав ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидаанд.
Зимнан, мусофирон Исмоилова ва хурдсолони 4 ва 1 сола дар беморхонаи ноҳия ба ҳалокат расидаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.