ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Соҳиб Раҷабов, сардори Нозироти андози вилояти Хатлон, 1 сабаби аслии таъмин нагардидани нақшаи қисми даромади буҷетро қарзи бузурги корхонаи саноатии вилоят-ҶСК “Ресанда” гуфтаст.
“Дар маҷмуъ қарзи андози ин корхона то ба имрӯз ба 27 млну 798 ҳазору 960 сомонӣ расидааст”, - хабар дод нашрияи СССР аз қавли сардори Нозироти андоз.
Манбаъ афзудааст, ки 75%-и ҶСК “Ресанда” ба соҳибкор Нусратулло Файзулоев ва 25 %-и он ба Суҳробҷон Убайдуллоев тааллуқ дошта, дар умум ҶСК “Ресанда” инчунин аз пардохти истифодаи об 2 000 000 сомонӣ қарздор аст.
Қарори Рустами Эмомалӣ: роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакӣ муваққатан баста мешавад
Абдуҷаббор Қурбонзода раиси ҷамоати деҳоти “Бохтариён”-и ноҳияи Кӯшониён дар сӯҳбат бо мухбири СССР гуфтааст, ки ҶСК “Ресанда”-и Қӯрғонтеппа масъулияти зиёда аз 4 000 га заминҳои кишоварзии ин ҷамоатро ба ӯҳда дошта, дар ин заминҳо пахта, гандум, тухми ҳаргуна маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра кишт мекунад.
Феълан назари худи моликони корхона дар бораи қарздориҳо маълум нест ва шарҳеро низ дар ин бора ироа накардаанд.