ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Низомуддин Зоҳидӣ,сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо ҳузур дар Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон бо Қурбоналӣ Пурмарҷон, муовини тавсеъаи равобити фарҳангии байналмиллалии ин созмон дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст сомонаи “Парстудей” ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии давлати Эрон.
Пурмарҷон зимни дидор бо таъкид бар густариши равобити дуҷониба байни Эрон ва Тоҷикистон гуфт, муносиботи байниякдигарии ду кишвар ба хусус дар ҳавзаи фарҳангӣ вориди марҳалаи навине шуда, ки бояд аз зарфиятҳои мавҷуд дар ҷиҳати тавсеъаи ҳамаҷонибаи ин муносибот ҳаддиаксари баҳрабардорӣ шавад.
Эъломи ҳамбастагии Эрон бо миллат Тоҷикистон дар мубориза бо вируси корона
“Таърих, фарҳанг, забон ва тамаддуни Эрон ва Тоҷикистон муштарак аст, ба гунае, ки иштирокоти ҳеҷ ду миллате андозаи Эрон ва Тоҷикистон нест, - афзуд муовини тавсеъаи равобити фарҳангии байналмиллалии Созмони фарҳанг ва иртибототи Эрон.
Дар навбати худ, Низомуддин Зоҳидӣ низ дар ин дидор бо ёдоварии ин, ки Эрон ва Тоҷикистон дар солҳои гузашта ҳамкориҳои фарҳангии гуногуне дошта ва ҳайатҳои фаровоне аз ҳар ду кишвар дар муносибатҳои фарҳангии якдигар ширкат мекарданд, афзуд, имконот ва зарфиятҳои зиёде барои густариши равобити ду кишвар вуҷуд дорад, ки умедворем бо таваҷҷуҳ ба иродаи мақомоти Эрон ва Тоҷикистон, шоҳиди амалӣ шудани аҳдофи мавриди алоқаи тарафҳо дар ҳавзаи фарҳанг бошем.
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон омодагии кишваршро барои тавсеъаи муносиботи фарҳангӣ ва ҳамкориҳои байниякдигарӣ дар мавзӯъоти матраҳшуда ва рафтуомадҳои бештар эълом кард ва хостори роҳандозии Фарҳангистони забон ва адаби ду кишвар шуд.
Зоҳидӣ дар суханонаш бо ишора ба ҷашни бузургдошти 700 солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ, шоири форсу-тоҷики садаи ҳаштуми ҳиҷрӣ-қамарии зодаи Тоҷикистони кунунӣ гуфт: Илова бар Шайх Камоли Хуҷандӣ, шоирони бисёре аз Хуҷанд бархостаанд ва мутакаллимон ва файласуфони ин сарзамин низ якумдараҷа ва дар улуми балоғат ҳама дар авҷ буданд.