ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 21 август ҳангоми ифтитоҳи бинои театр дар Хоруғ дар назди сокинони шаҳр мулоқот анҷом дод.
Ӯ аз ҳунару фарҳанги мардуми ин минтақаи Тоҷикистон тавсиф намуд.
"Сарзамини Бадахшон дар баробари Суғду Хатлон аз ҷумлаи қадимтарин марказҳои фарҳанги мардумӣ ба ҳисоб меравад.Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ дар байни кӯҳҳои осмонбӯси ин минтақа аз қадимулайём мардуми заҳматдӯсту фарҳангпарвар зиндагӣ карда, суннату ойинҳои бою рангини фарҳангиро ба мерос гузоштанд", - изҳор дошт президент.
Масалан, услуби меъмории хонаи бадахшонӣ, нақшҳои рӯи санги мавзеи Лангари ноҳияи Ишкошим ва бисёр ёдгориҳои дигар гувоҳи ҳунармандони асил будани гузаштагони ин диёр мебошад, гуфт вай.
"Ғайр аз ин, дар ҳар як сози мусиқии мардуми Бадахшон қадимӣ будани сокинони он мушоҳида мегардад, зеро дар онҳо тасвирҳои замони ориёӣ, даврони меҳрпарастӣ, унсурҳои маросими Наврӯзу Меҳргон ва дар либосу ҳаракатҳои рақсиашон нишонаҳои аҳди авестоӣ дида мешаванд", - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳур ёдрас кард, ки чи умумияте байни мардуми минтақаи Кӯлоб ва Бадахшон ҳаст.
"Зимнан, дар Бадахшон ба мисли Кӯлоб хонаводае нест, ки дар он ягон намуди асбоби мусиқӣ вуҷуд надошта бошад", - қайд кард ӯ.
Ин гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми ин сарзамин посдорандагони анъанаҳои арзишманди фарҳанги миллӣ мебошанд, афзуд президент.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар ин диёри бостонӣ ҳоло низ осори зиёди санъати миллӣ ҳифз шуда, Бадахшонро ба осорхонаи зиндаи ҳунарҳои мардумӣ табдил додааст.
Президент дар Хоруғ ба пули мошингузар санги асос гузошт
Аз ин хотир, мо дар баробари ҳифзи захираҳои бойи табиӣ, инчунин, санъати асили мардуми Бадахшонро ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ ва ганҷинаи нодири маънавии миллати тоҷик ҳисоб карда, минбаъд барои эҳё ва рушди суннатҳои ҳунарии сокинони ин диёр чораҷӯӣ хоҳем кард, қайд кард кишвардор.