Омори ҷадиди COVID-19 дар Тоҷикистон: беш аз 7000 нафар шифо ёфту 66 нафар фавтид

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар кишвар дар як шабонарӯзи охир 38 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 8241 нафар расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар як шабонарӯзи охир 78 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 34 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Вазорати тандурустӣ омори нави сироят, шифоёбӣ ва марг аз коронавирусро нашр кард

Ҳамзамон манбаъ таъкид кард, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 38 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  8241 нафар баробар гардид.

Манбаъ қайд кард, ки то санаи  21 август дар кишвар  7040  (85,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 66  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ зикр кардааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ айни замон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Инчунин вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки барои пешгирии сирояти вируси корона пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.