Мисли "Госуслуги": Русия бо масрафи 500 миллион рубл барои муҳоҷирон вебгоҳ месозад

Пештар танҳо ВКД Русия метавонист барои муҳоҷирон платформаи ягона рақамӣ тартиб диҳад, акнун ин кор ба дӯши Вазорати алоқа гузошта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Коркарди вебгоҳи ягонаи рақамӣ барои муҳоҷирон дар Русия бар ӯҳдаи Вазорати алоқа гузошта шуд, хабар медиҳад, "Коммерсантъ".

Дар Ӯзбекистон ба муҳоҷирон барои роҳпулӣ ва патент қарзи имтиёзнок медиҳанд
Вазифаи асосии вебгоҳ сабтином ва иттилоърасонии шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. Ҳамчунин, интизор меравад, ки барномаи корбурдии ин вебгоҳро бо "Госуслуги" пайванд хоҳанд кард, то муҳоҷирон тавонанд кӯмаки заруриро ба даст оранд.

Интизор меравад, ки коркарди барнома ҳудуди як сол идома меёбад, барои ташкили система бошад, аз 200 то 500 миллион маблағ масраф мегардад.

Ба гурӯҳи корӣ намояндагони ВКД, ВКХ ва Вазорати меҳнат шомил гаштаанд.

Дар натиҷа барномае мисили "Госуслуги" рӯи кор хоҳад омад, ки ба муҳоҷирон дар ин ё он вазъият роҳнамӣ мекунад.

Нигаронии мақомоти Тоҷикистон аз тамдиди муҳлати будубош ва патент муҳоҷирон дар Русия