Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар Суғд то 25 дараҷа гарм мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад.

Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Обу ҳаво: эҳтимоли омадани сел дар Ишкошим, Шуғнон ва Ванҷ

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр, тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. 

Борон ва раъду барқ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ҳаво  дар водиҳо  шабона 18+23 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 30 +35 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри  бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.