Дид, ки зани ҷавонаш бо ҳамсояи 52-сола ишқварзӣ мекунад: шавҳар маъшуқи ҳамсарашро кушт

Вақте ки марди гумонбаршаванда ба хонаи собиқ ҳамсараш шабона меравад, шоҳиди муносибатҳои маҳрамонаи зани ҷавонаш бо марди ҳамсоя мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Собиқ шавҳар маъшуқи ҳамсари ҷавонашро кушт, гузориш медиҳад дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 19 август рух додааст.

Ҷасади занро аз яхдон ёфтанд: рашки шавҳар дар Душанбе-видео

Гуфта мешавад, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Х.Холматови ноҳияи Шаҳритус, ки пеш бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Бино бар иттилои ВКД, ӯ санаи 19-уми августи соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа, ба хонаи собиқ ҳамсараш, ҷавонзани 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ.Назарови ноҳияи мазкур омада, дидааст, ки ӯ бо ҳамсояаш, марди 52-солаи сокини ҷамоати деҳоти Х.Холматови ҳамин ноҳия муносибати маҳрамона дорад.

Гумонбаршаванда аз ҳолати мастии ӯ истифода бурда, бо корд якчанд маротиба ба узвҳои бадани марди 52-сола зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

Отеллои тоҷик: мард ҳамсари 26-солаи худро аз рашк бӯғӣ карда кушт

Инчунин, худи ӯ аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4-маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ба ғайр аз ин, гумонбаршаванда зани 30-солаи сокини шаҳри Норакро, ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3-маротиба ба қисмати сар ва дасташ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.