Қонеъкунанда нест: Раҳмон дар Рӯшон баъди эътирозҳо чӣ гуфт?-видео

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Рӯшон гуфт, ки риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар ноҳия қонеъкунанда нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Раҳмон гуфт, тибқи таҳлилҳо дар ноҳия вазъи риояи талаботи қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ чандон қонеъкунанда нест.

Шарҳи расмии гирдиҳамоҳо дар Рӯшон: аз боздошту ҷарима то пушаймонӣ аз карда-видео

“Мо роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаем ва ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон вазифадору уҳдадорем, ки ба қонун итоат кунем ва танҳо дар доираи қонун зиндагиву кору фаъолият намоем”, - изҳор дошт раисиҷумҳур.

Дар ин раванд зарур аст, ки итоат ба қонун ва иҷрои ҳатмиву бечунучарои муқаррароти қонунҳо ба одати ҳаррӯза ва тарзи ҳаёти ҳар як шаҳрванд табдил дода шавад, таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдгор Файзов аз беморхона мураххас шуду ба ноҳияи Рӯшон сафар кард

Ба гуфтаи раисиҷумҳур, ҷалби мардум ба корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳимояи дастовардҳои истиқлолият, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарону масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аҳли зиё, фаъолон, ходимони дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Муроҷиати "чанд сокини Рӯшон" ба Кабирӣ: мардуми ноҳия чӣ кор карданашонро медонанд

Суҳбати Раҳмон дар бораи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳолест, ки қаблан гуруҳи аз сокинони Рӯшон бо нишони эътироз алайҳи ба гуфтаи онҳо, худсарии мақомдорон даст ба ҳамоиш заданд. Ҳамоиш дар пайи боздошти Ёдгор Ғуломҳайдаров ва ҳамроҳаш дар Рӯшон сурат гирифт, ки ба иддаои гуруҳи сокинони Рӯшон, рабте ба қазияи қочоқи маводи мухаддир надоранду тайи чанд соати боздошт латукӯб шудаанд.  Гуруҳи эътирозгарон боздоштшудаҳоро озод карда, тайи чанд рӯз даст ба ҳамоиши эътирозӣ зада буданд.

Раҳмон гуфт, раисони кадом шаҳру ноҳия қарорҳои ғайриқонунӣ бароварданд: 26 ном

Мақомоти Тоҷикистон бо нашри як гузориш ин ҳолатро майдаавбошӣ арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки дастандаркорон муҷозот шуданд.

Дар гузориши мақомот таъкид шудааст, ки баҳри ҳифзи тартиботи нисбати Ғуломайдаров Ёдгори 44 сола, Мавлододов Ҳабиби 43 сола ва Бахтибеков Илчибеки 55 сола нафақахӯр сокинони ҳамин ноҳия, протоколҳои дахлдор тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суди ноҳияи Рӯшон барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд. Дар мавриди муҷозоти маъмурине, ки гӯиё даст ба латукӯб задаанд, феълан иттилое ироа нашудааст.