Саҳнаи кашола кардани духтари маст аз сӯи ҷавон ба навор афтод: ҳабсу ҷарима шуданд -навор

Навори дар поси шаб дар яке аз кӯчаҳои Душанбе кашола кардани духтари ҷавон аз сӯи ҷавонмард, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёде ба бор овард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, пас аз тамошои ин навор хулосабарорӣ намуданд, ки ҷавон духтарро ба ҳадде кӯфтааст, ки ӯ беҳуш шуда, спас ҷавон ӯро кашолакунон ба ҷое бурданӣ мешавад.

Ин навор чанд рӯз пеш ба дасти кормандони пулиси шаҳри Душанбе афтод ва қаҳрамонони навор боздошту бозпурсӣ шуданд.

Ба иттилои котиботи Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе, ҳодиса соати 3 - и шаби 16 - уми август дар кӯчаи Маяковский, назди мағозаи Эҳсон рух додааст.

Боздоштшудаҳо Боев Умеди 26 - сола, сокини пойтахт ва Дустова Фотима 22 - сола, сокини шаҳри Ваҳдат мебошанд.

Тағо ва ҷиян буданд: боздошти дуздони касбӣ, ки 10 мағозаи "Фаровон" - ро ғорат карданд

Зимни бозпурсӣ муайян гардид, ки сокини Ваҳдат на аз мушту лагади ҷавон беҳуш шудааст, балки ба ҳадде машруботи спиртиро истеъмол намудааст, ки қуввати роҳ рафтанро надоштааст.

Бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва бо суръати баланд: садама дар эстакадаи Душанбе - видео

Вобаста ба ҳолати нохуби ҷавондухтар, сокини Душанбе ба хашм омада, ӯро дашному ҳақорат намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.

Манбаъ меафзояд, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Боев Умед парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Номбурда бо қарори суд ба мӯҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуд.

Ҳамзамон нисбати ҷавонзан Дустова Фотима низ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шуд.